Ссылки доступа

Ҳавопаймои $100 миллионӣ дар Тошканд фуруд омад


Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон рӯзи 11 март ҳавопаймои навъи Airbus A320neo-ро вориди Тошканд кард. Ин ҳавопаймо бо Wi-Fi (интернети бесим) муҷаҳҳаз аст.

Ҳавопаймои нав аз шаҳри Ҳамбурги Олмон оварда шуд. Айробуси $100-миллионӣ ғунҷоиши 150 мусофирро дорад. Ин ҳавопаймо нисбат ба Айробусҳои дигар 20 дарсад сӯзишвории камтар сарф мекунад.

Ба иттилои мақомоти ҳавопаймоии Ӯзбекистон, шартномаи харидории ду Айробус дар соли 2017 баста шуда буд. Дастрасии ҳавопаймои дувум дар моҳи апрел дар назар аст. Ӯзбекистон моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 ҳавопаймои севуми Айробусро хоҳад харид.

Ба ҷуз ин, Ӯзбекистон тасмим дорад ду Boeing 787 Dreamliner харидорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG