Ссылки доступа

Маъракаи "ман зидди болоравии нархи Интернет" дар Тоҷикистон


Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳандозии як маъракаи эътирозӣ ба зидди болоравии арзиши Интернет дар Тоҷикистон “флешмоб” ё таблиғоти интернетӣ ба роҳ монданд.

Ин маърака пас аз он роҳандозӣ шуд, ки як ҳафта пеш Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон амр дод, то як мегабайт Интернетро аз 5 дирам арзон нафурӯшанд. Ҳамин тавр, нархи як гигабайт (1028 мегабайт) Интернет дар Тоҷикистон бе назардошти андоз, на кам аз панҷоҳ сомониро ташкил хоҳад дод.

Бо дар назар гирифтани 18 дарсад андоз аз арзиши иловашуда ва панҷ дарсад аксиз, нархи як гигабайт Интернет ба беш аз 60 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир нархи як гигабайт Интернет ба ҳисоби миёна аз 30 то 35 сомонист. Фармони нави Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон аз 27-уми март эътибор пайдо мекунад.

​Ин хабар аксар сокинони кишварро, ки зиндагӣ ва корашон бо ҳар роҳе ба Интернет вобаста аст, ба хашм овардааст. Ба ин маъарака дар баробари ҷавонону корбарони одии интернет, баъзе кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ пайвастанд ва аз тасмими болоравии арзиши интернет интиқод карданд.

Бештари корбарон умед доранд, ки ҳарфи онҳо аз ҷониби мақомот, бахусус Хадамоти зиддиинҳисорӣ шунида мешавад. Давоми як ҳафтаи охир дар саҳифаи аксар корбарони тоҷик дар Фейсбук навиштаи “Ман зидди болоравии арзиши интернет ҳастам!” дарҷ шудааст.

Ҳоло дар баробари роҳандозии флешмоб, корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо навиштани як муроҷиатнома ба номи президенти кишвар, ба ҷамъоварии имзо оғоз кардаанд. Алишер Шаҳидӣ, яке дигар аз фаъолон гуфт, дар соатҳои аввали нашри муроҷиатнома дар сомонаи Change.org беш аз 150 нафар имзо гузоштанд, вале бо сабабҳои номаълум ин сомона дастнорас шудааст.

“Се соли оянда дар кишвар соли рушди деҳот ва туризм аст. Бисёр мехостам, меҳмонхонаҳои хурдеро, ки дорам, тариқи интернет ба сайёҳон пешкаш кунам. Вақте интернет гарон мешавад, ин корро карда наметавонам. Чун ҳар лаҳза бояд таблиғ кард ва ба суоли муштариҳо ҷавоб дод ва аксу навор фиристод”, - афзуд ӯ.

Як ҳамсуҳбати мо дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, аз роҳандозии флешмоб ё маъракаи эътирозии корбарони Интернет огоҳ ҳастанд. Ӯ гуфт, рӯзҳои наздик мулоқоти мақомоти ин ниҳод бо масъулони ширкатҳои мобилӣ баргузор ва натиҷаи ниҳоӣ эълон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG