Ссылки доступа

Як дипломати пешин ва бемори Ӯзбекистон бо гумони ҷосусӣ боздошт шуд


Як мансабдори дар гузашта баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар хиёнат ба давлат айбдор мешавад.

Қодирҷон Юсупови 67-сола, ки солҳои тӯлонӣ аз бемории равонӣ ранҷ мебарад, 3 декабри соли 2018 талош кард, худро зери чархи қатора партояд. Вай аз ин талоши худкушӣ ҷон ба саломат бурд, аммо захмӣ ва бистарӣ шуд. Дар бистари беморӣ дар ҳолати бехудӣ вай гуфтааст, ки "ҷосуси ғарбӣ" аст. Мақомоти қудратӣ дар асоси ин "изҳорот" зидди вай парванда боз карданд.

Мақомот Юсуповро 9 декабри соли 2018 аз бемористон ба боздоштгоҳ бурданд. Наздикони дипломати пешин дар бораи буду бош ва сиҳатии вай иттилоъ надоранд.

Юсупов дар сафорати Ӯзбекистон дар Австрия, Бритониё ва Шарқи Наздик, инчунин намояндаи доимии Ӯзбекистон дар СММ ва САҲА фаъолият кардааст. Вай солҳои 2002-2005 сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвараш низ буд.

XS
SM
MD
LG