Ссылки доступа

Даъвати расонаҳои давлатии Туркманистон ба ғамхорӣ дар ҳаққи ҳайвонҳои бесоҳиб


Расонаҳои давлатии Туркманистон дар пасманзари хабарҳои маҳви дастаҷамъии сагу гурбаҳои бесоҳиб дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Ишқобод нашри матолиб дар бораи ҳайвонҳои бесаробон ва ғамхории ҳукумат ба онҳоро оғоз кардаанд.

Аз ҷумла, нашрияи нимарасмии Туркманистон -- "Ориёнт" навиштааст, "ҳайвонҳои бесоҳиб -- қурбонии шароите, ки одамон ихтиёрӣ ё ғайриихтиёрӣ меофаранд". "Баъзе аз сокинон хашми худро бар сари ҳайвонҳои бесоҳибе мерезанд, ки дар дохили қуттиҳои партов дунболи пайдо кардани ғизо ҳастанд", - афзудааст нашрия.

Рӯзномаи расмии "Туркманистони Асри тилоӣ" дар бораи саги фалаҷе навиштааст, ки соҳибаш онро аз ошёнаи севум ба замин андохтааст.

Ба гуфтаи "Ориёнт", мушкили сагу гурбаҳои бесоҳиб яке аз масъалаҳои Туркманистон аст, ки ҳукумат барои ҳалли он мехоҳад, як беморхонаи махсус ва маркази нигаҳдории ҳайвонҳои бехонаро таъсис диҳад. "Давлат иштибоҳи моро ислоҳ мекунад. Давлат масъулиятеро бар зиммаи худ мегирад, ки, дареғ, мо онро фаромӯш кардаем", - навиштааст расона.

Таваҷҷуҳи ҳукумати Туркманистон ба ҳайвонҳо бо гузоришҳои Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи маъракаҳои маҳви ҳайвонҳои бесоҳиб дар шаҳру навоҳии ин кишвар рост омад. Аз ҷумла, радио 13 феврал видеоеро аз маркази нигаҳдории ҳайвонҳо дар ҳудуди корхонаи коркарди партов, дар наздикии Ишқобод нашр кард, ки нишон медиҳад, ҳайвонҳо дар шароити хеле бад нигаҳдорӣ шуда, бештарашон беморанд ва ҳатто дар миёни онҳо ҷасади ҳайвонҳои ҳалокшуда низ хобидааст.

XS
SM
MD
LG