Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон: маблағҳои Бунёди миллиро дар Лондон чизе таҳдид намекунад


Марат Бекетоев, вазири адлияи Қазоқистон гуфт, баррасии шикояти сармоягузори молдавӣ Анатол Статӣ зидди Остона дар додгоҳи Лондон идома дорад ва эҳтимол аст, то 1,5 сол давом кунад.

Ба гуфтаи вазир, аз 22 миллиард долларе, ки пештар ҳабс шуда буд, 21,5 миллиарди он "ба бунёд баргардонида шудааст".

"Ҳеч хатаре вуҷуд надорад. 21,5 миллиард доллар ба бонки дигар интиқол дода шудааст. Ин маблағҳо дар коғазҳои қимматноки дигар сармоягузорӣ шуданд ва Қазоқистон аз онҳо фоида мегирад. 500 миллион доллари боқимонда дар бонки New York Mellon дар Лондон маҳфуз ҳастанд. Ба ин пулҳо ҳам чизе таҳдид намекунад", - афзуд вазир.

Додгоҳе дар Италия рӯзи 1 март қарори додгоҳи арбитражиро ҷонибдорӣ кард, ки бар асоси он, Қазоқистон вазифадор шудааст, ба Статӣ бештар аз 500 миллион доллар пардохт кунад. Қазоқистон ҳамзамон вазифадор шудааст, ки 120 ҳазор евро харҷи додгоҳро пардозад. Аммо Бекетоев гуфт, Қазоқистон дар Италия суратҳисобе надорад.

Дар гузашта "New York Mellon" дар пайи як баҳси ҳуқуқии Остона бо сармоягузори молдовӣ Анатол Статӣ дороиҳои бунёди Қазоқистонро ҳабс кард. Статӣ ва ширкатҳои ӯ, ки дар бахши нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ кардаанд, мегӯянд, қурбони таъқибҳои ҳукумати ин кишвар ва президент Нурсултон Назарбоев шудаанд. Ӯ мегӯяд, таҳти фишор маҷбур будааст, дороиҳои худро бо нархи арзон фурӯшад.

Аммо Остона Статиро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG