Ссылки доступа

Вазорати молияи ИМА дар умури Русия зерсохтори стратегие таъсис дод


Вазорати молияи ИМА зерсохтори махсусе дар умури Русия таъсис дод. Ин зерсохтор дар ҳайати Раёсати мубориза бо терроризм ва иктишофи молӣ амал мекунад.

Дар маҷмуъ шаш зерсохтор таъсис шуд, ки ҳамаи онҳо барои ҳалли масоили муҳим равона шудаанд. Дар ин бора Сигал Манделкер, муовини вазири молияи ИМА иттилоъ дод.

Зерсохторҳои маъруф ба "таъсиррасонии стратегӣ" ба ҷуз аз умури Русия, дар умури Куриёи Шимолӣ, Эрон, созмони террористии "Давлати исломӣ", асъори маҷозӣ, масоили ҳуқуқи инсон ва муқобила бо фасод таъсис шудааст. Ҷузъиёти сохторҳои нав шарҳ дода намешавад.

Ҳукумати ИМА бештар аз 270 шахси воқеӣ ва ҳуқуқии Русияро вориди рӯйхати таҳримҳо кардааст. Нахустин таҳримҳои ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва чанд кишвари дигар нисбати Русия соли 2014 дар робита ба ишғоли Қрим ва низои шарқи Украина ҷорӣ шуданд. Соли 2018 ИМА ва Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ба далели дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии Амрико ва даст доштан дар заҳролудсозии Скрипалҳо мумкин аст, зидди Москва таҳримҳои нав эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG