Ссылки доступа

Низоъ дар марз бо Қирғизистонро комисияи муштарак таҳқиқ мекунад


Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков 14 март дар як суҳбати телефонӣ вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки низоъ дар марз аз роҳи мусолиҳатомез рафъ шавад.

Раҳмон ва Ҷеенбеков ба зарурати таъсиси комиссияи муштарак барои санҷиши мушикофонаи ҳодиса, роҳ надодан ба моҷароҳои ҳамсон дар оянда ва тақвияти гуфтугӯҳои аломатгузории марзҳо таъкид кардаанд.

Муовинҳои сарвазирони Қирғизистону Тоҷикистон -- Жениш Раззоқов ва Азим Иброҳим барои ҳамоҳанг кардани кори ниҳодҳои давлатии ду кишвар дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.

Вазъ дар марзи кишвар бо Қирғизистон нисфирӯзии 14 март дубора муташанниҷ шуда, дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ду нафари дигар захмӣ гаштанд. Аз ҷониби Қирғизистон як ходими милиса ҳам захмӣ ва ба бемористон интиқол ёфт. Дар давоми як шабонарӯз дар ин моҷаро ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Қирғизистон маҷруҳ шуданд.

Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шоми 14 феврал бо пахши изҳороте гуфт, ки сарфи назар аз тадбирҳои амниятӣ, вазъ дар марзи ду кишвар мураккаб боқӣ мемонад. Ин сохтор бори дигар ҷониби Қирғизистонро дар он муттаҳам кард, ки монеи гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ барои ҳалли низоъ шуданд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "тахминан соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омаданд, роҳҳоро баста буданд, беасос ба тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ намуданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ карда, ба сокинони вилояти Ботканд ҷавоб гардонанд". Дар ин изҳорот сарҳадбонони қирғиз дар оташкушоӣ "ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон" гунаҳгор мешаванд.

Моҷаро дар марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон баъд аз зӯҳри 13-уми март оғоз шуд. Ҳодиса баъди он сар зад, ки сокинони Тоҷикистон бо идомаи сохтмони роҳе дар нуқтаи ба гуфтаи онҳо баҳсии марзӣ бо Қирғизистон мухолифат карданд. Қитъае роҳе, ки сохтмонаш боиси моҷаро шуд, дар ҳудудҳои марзии деҳаи Хоҷа Аъло воқеъ буда, сокинони ҳарду кишвар ин ҳудудҳоро порае аз қаламрави худ медонанд.

XS
SM
MD
LG