Ссылки доступа

Расми 150 миллионевроии Рембрандт ба Ӯзбекистон баргардонида шуд


Додситонии кулли Ӯзбекистон 13 март расми Рембрандт Ван Рейн (1606-1669) - рассоми машҳури ҳолландиро ба Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон баргардонд. Додситонӣ гуфт, расм ғайриқонунӣ аз Ӯзбекистон ба хориҷ бурда шуда буд.

28 августи соли 2008 сокини Тошканд А.П. наққошии Рембрандтро ба К.Й. дар ивази 50 ҳазор доллар фурухта ва К.Й. расмро ба хориҷи Ӯзбекистон бурдааст.

Дар солҳои 2014-2018 парвандаи ҷиноӣ ба далели мавҷуд набудани ҷиноят ва инчунин ба поён расидани муҳлати кофтуков борҳо қатъ шуд.

Аммо баъдан А.П. аз додситонӣ пайдо кардани асарро дархост кард. Додситонӣ моҳи июни соли 2018 расми Рембрандтро пайдо кард.

Шаҳрвандон К.Й. ва Р.Ф. айбдор эътироф ва расм баргардонида шуд.

Дар хабари додситонӣ гуфта шудааст, ки вазорати фарҳанги Ӯзбекистон арзиши нигораро аз 8 то 15 млн евро баровард мекунад. Дар музоядаҳои Аврупо мумкин аст, онро то 150 млн евро нарх кунанд.

XS
SM
MD
LG