Ссылки доступа

Пулиси Туркманистон сокинонро барои наворбардорӣ аз ҷойҳои ҷамъиятӣ боздошт мекунад


Дар бозорҳои Дашоғуз ва Туркманободи Туркманистон пулис харидоронеро боздошт мекунад, ки аз ҷойҳои ҷамъиятӣ аксу навор мебардоранд.

"Кормандони пулис дар либоси мулкӣ ҷавонеро боздошт карданд, ки бо телефонаш акс ё навор мебардошт. Пулис ҷавонро дар мошин шинонда ба ҷои номаълум бурд. Ҷавон танҳо мехост, меваҳоро акс гирад", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Ба гуфтаи сокинон, "иқдомҳои тарсдиҳӣ" вақтҳои охир зиёд рух медиҳанд. Гуфта мешавад, мақомот мехоҳанд, касонеро пайдо кунанд, ки аксу наворҳои Туркманистонро дар расонаҳо нашр мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони пулисро дар тамоми бозорҳои Туркманистон дидан мумкин аст. Пулис ва инчунин кормандони мақомоти амният нархи маҳсулотро дар бозорҳо назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG