Ссылки доступа

Порлумони Аврупо дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон қатънома қабул кард


Порлумони Аврупо рӯзи 14 март дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон қатънома қабул кард.

Дар ҳуҷҷат аз ҳукумати он кишвар дархост шудааст, ки "уҳдадориҳои байналхалқиашро иҷро ва ҳуқуқи инсону озодиҳои ӯро эҳтиром кунад" ва "аз ҳама навъи таъқиби сиёсӣ худдорӣ варзад".

Дар ҳуҷҷат аз сӯистифодаи моддаҳои "барангехтани адоват" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" ёд шудааст, ки ҳукумати Қазоқистон барои "таъқиби фаъолони шаҳрвандӣ ва хабарнигорон" кор мебаранд.

Дар қатъномаи Порлумони Аврупо ҳамчунин парвандаҳои фаъолони иттифоқҳои касаба ёд шудааст.

Бар асоси қатънома, дар Қазоқистон шумори зиндониёни сиёсӣ меафзояд, "беҷазоии касоне, ки гумонбаронро шиканҷа мекунанд ба як меъёр табдил мешавад" ва хушунат нисбати занҳо дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.

Дар қатънома 17 тавсия ба ҳукумати Қазоқистон ироа шудааст. Аз ҷумла тавсия шудааст, ки маҳбусони сиёсӣ озод гарданд, таъқиби иттифоқҳои касаба қатъ шавад ва тағйиру иловаҳои ба қонун дар бораи расонаҳо воридгардида бозбинӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG