Ссылки доступа

Муфаттиши парвандаи додситони кулли Ӯзбекистон ҳангоми додани пора дастгир шуд


Маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон додситони пешини вилояти Намангон Улуғбек Тошевро 8 март ҳангоми додани пора дар ҳаҷми махсусан калон ба як мансабдори баландпоя боздошт карданд.

Ба гуфтаи вакили дифое, ки аз қазия огаҳ аст, Улуғбек Тошев ҳангоми додани 50 ҳазор доллар пора боздошт шуда, дар ҳоли ҳозир ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Вакили дифоъ мегӯяд, маъмурони амният раванди додани пораро сабти видеоӣ кардаанд.

Дар Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфтанд, ки Тошев 4 марти соли равон барои "роҳ додан ба камбудиҳо" аз вазифа озод ва аз низоми додситонӣ пурра барканор карда шудааст.

Ёдрас мешавем, моҳи апрели соли 2016 Тошевро аз вазифаи додситони ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд барканор карда буданд. Он замон хабар дода шуд, ки Тошевро зоҳиран ба далели "шахси наздик"-и додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров будан аз мақом барканор кардаанд.

Ба гуфтаи як манбаъ, Улуғбек Тошев соли 2017 як муддат гуруҳи муфаттишонеро раҳбарӣ кардааст, ки парвандаи додситони кулли пешини Ӯзбекистонро таҳқиқ мекарданд.

XS
SM
MD
LG