Ссылки доступа

Созиши ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон: дар навбати аввал низоъ бояд ҳал шавад


Дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон мулоқоти навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба вазъи марз баргузор шуд.

Жениш Раззоқов, ноиб-сарвазири Қирғизистон гуфт, ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки дар навбати аввал бояд низои байни сокинон ҳал шавад. Танҳо баъди ин ҷонибҳо тасмим доранд, масъалаи сохтмони роҳ ва мушаххассозии марзро баррасӣ кунанд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро Азим Иброҳим, муовини аввали сарвазир роҳбарӣ мекунад. Гуфтугӯҳо имрӯз низ давом хоҳанд кард.

Мулоқоти ду ҳайат дар деҳаи Кок-Тоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон мегузарад.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 13 март шуруъ шуд. Дар рӯзҳои 13 ва 14-и март ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд.

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон шоми 14 феврал бо пахши изҳороте гуфт, ки сарфи назар аз тадбирҳои амниятӣ, вазъ дар марзи ду кишвар мураккаб боқӣ мемонад. Ин сохтор бори дигар ҷониби Қирғизистонро дар он муттаҳам кард, ки монеи гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ барои ҳалли низоъ шуданд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса шаҳрванди Тоҷикистон Расоиддин Тешаеви 37-сола, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух ба ҳалокат расид. Рӯзе аз ин пеш дар пайи тири силоҳе, ки мақомоти тоҷик онро шикорӣ номиданд, Ҳусейн Ҳакимови 43-сола кушта шуд. Ба иттилои сарҳадбонони тоҷик, рӯзи панҷшанбе Ансориддин Ҳайдарови 16-сола, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш маҷрӯҳ шуд. Мақомоти марзбонӣ дар бораи осеби ҷисмонӣ дидани ду сокини дигари маҳалллӣ хабар доданд.

Ба иттилои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, муноқиша миёни сокинони Оқсойи ноҳияи Бодканд ва деҳаи Меҳнатободи Ворухи Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе рух дод. Мақомоти қирғиз сабаби ин моҷароро кор дар сохтмони роҳ миёни Оқсой-Тамдиқи ноҳияи Бодканд гуфтаанд.

Рӯзи 14 март мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки қитъаи замине, ки дар он моҷаро бархост, ба ҳудуҳои ин кишвар шомил аст. Вале Тоҷикистон мегӯяд, ин қитъа мақоми баҳсӣ дорад ва бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо ва санадҳои то имрӯз дар доираи музокироти байнидавлатии аломатгузории марзи ду кишвар ҳосилшуда, ҳеҷ ҷониб ҳақ надорад дар ин қаламрав корҳои сохтмонӣ анҷом диҳад.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. Панҷ сол пеш даҳҳо моҷароҳои марзӣ дар байни сокинони ду кишвар боис ба кушта шудани дастикам чаҳор нафар шуд.

XS
SM
MD
LG