Ссылки доступа

Харҷҳои низомии НАТО 4 дарсад афзудааст


Ҳампаймонони НАТО харҷҳои низомиашонро якбора бештар карданд. Аз ҳама бештар Латвия, Литва, Эстония, Лаҳистон ва Нидерланд харҷ доштаанд, омадааст дар гузориши НАТО барои соли 2018.

Гузоришро дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯнамоӣ кард. Вай гуфт, харҷи умумии ҳампаймонони НАТО дар панҷ соли охир ба нишондоди болотарин расид ва танҳо дар як соли охир харҷҳо 4 дарсад бештар шудаанд. "Бо ҳадафи пуштибонӣ аз амният ҳампаймонон дар бахшҳои мухталиф бештар аз гузашта якҷоя бо ҳам рафтор мекунанд", - гуфт Столтенберг.

Президенти ИМА Доналд Трамп соли 2017 аз ҳампаймонони аврупоии НАТО талаб карда буд, ки сармоягузорӣ ба буҷаи созмонро бештар кунанд. Аммо бо ин вуҷуд, тавре дар гузориш омадааст, ҳамагӣ 6 кишвари узви НАТО - Эстония, Юнон, Лаҳистон, Латвия, Литва ва Бритониё тавонистанд, ки ба ҳадафи пешгузошта бирасанд - яъне, харҷҳои низомиро то 2 дарсади ММД (Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ) расонанд.

Дар маҷмуъ кишварҳои НАТО дар соли 2018 қариб се триллион доллар харҷи низомӣ доштаанд. Наздики 70 дарсади ин харҷҳо ба ИМА рост меояд.

XS
SM
MD
LG