Ссылки доступа

Пулиси молии Қирғизистон идораи нашрияи "Супер-Инфо"-ро тафтиш мекунад


Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ё пулиси молии Қирғизистон иттилоъ дар бораи тафтиши идораи нашрияи "Супер-Инфо" ва даъвати роҳбарияти онро ба бозпурсӣ шарҳ дод.

Ба иттилои пулиси молӣ, моҳи январи соли 2019 як шаҳрванд ба пулис аз фаъолиятҳои ғайриқонунии бунёди ҷамъиятии "Маркази пуштибонӣ аз расонаҳо" ва бархе нашрияҳо шикоят овардааст. Шаҳрванд аз номувофиқатии нишондоди адади нашр дар сомона ва дар худи нашрия шикоят кардааст. Бо дархости ин шаҳрванд тафтиш шуруъ шудааст.

Фармоишгари асосии "Маркази пуштибонӣ аз расонаҳо" нашрияи "Супер - Инфо" аст. Ба иттилои пулиси молӣ, маҳз ҳамин нашрия теъдоди воқеии нашрашро пинҳон доштааст.

Шоиста Шатманова, мудири нашрияи "Супер-Инфо" ахиран гуфт, ки ба бозпурсӣ даъват шудааст. Молики нашрия Қиличбек Султон гуфт, талош мешавад, нашрияи ӯро ғасб кунанд.

XS
SM
MD
LG