Ссылки доступа

Азим Иброҳим: дар Ворух ва манотиқи марзӣ патрули муштарак амал хоҳад кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 18-уми марти соли 2019. Натиҷаи мулоқот оид ба ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Додхоҳии гуруҳе аз модарони зиндониёни гумонбар ба ошӯб. Дархости вазорат барои кумак дар ҷустуҷуи кудаки 9-сола. Чаро кӯдакони тоҷик зуд фирефтаи бегонаҳо мешаванд (видео)

- Сафири ИМА: ҷонибдори равобити наздики Тоҷикистону Қирғизистонем. Сафири тозатаъини ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар нахустин нишасти матбуотиаш бо журналистон дар Душанбе гуфт, ки таҳаввулот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунад (видео)

- Сафири Амрико: Мо мехоҳем бо ҳукумат кор кунем. Сафири тозатаъини ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм гуфт: "Мо бовар дорем, ки озодӣ бояд дар як сатҳе вуҷуд дошта бошад, ки ҳам шахсони ҷудогона ва ҳам ҷомеа дар фаъолиятҳое иштирок карда тавонанд" (видео)

- "Талаб-талаб" - Наврӯз ошиқонро ба мурод мерасонад. Дар айёми Наврӯз дилдодаҳо имкон доранд ба васли ҳам расанд. Дар Бадахшон маросиме бо номи "Талаб-талаб" ё "Килоғуз-ғуз" вуҷуд дорад, ки дар он ошиқон метавонанд аз равзанаи бом дасторе партофта, муроди дил ҳосил намоянд (видео)

- Шикояти модарони маҳбусони гумонбар дар ошӯби зиндони Хуҷанд (видео)

- Азим Иброҳим: Дар Ворух ва манотиқи марзӣ патрули муштарак амал хоҳад кард. Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон гуфт, бар асоси мувофиқаи тарафҳо, вазъи амниятӣ дар Ворухро патрули муштарак аз ҳисоби ходимони милисаи ду кишвар назорат мекунанд (видео)

- Дар Москва эътирозгарон барқарорсозии СССР-ро талаб карданд. Рӯзи 17-уми март пойтахти Русия шоҳиди тазоҳурот шуд. Сокинони норозӣ аз кори ҳукумат норозигӣ баён карда, истеъфои он ва ҳамзамон бозбинии низоми нафақаро талаб намуданд. Аз забони эътирозгарон барқарор намудани Иттиҳоди Шӯравӣ низ садо дод. (видео)

- Осиё: Отамбоев зидди Ҷеенбеков. Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз мардуми кишвараш узр пурсид, ки президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбековро ба қудрат расонд. Дар Остона модарони серфарзандро ба автобус савор карда, ба коргоҳи ҳизби ҳоким бурданд. Дар Қазоқистон ба Наврӯз омодагӣ мебинанд. (видеои Настоящее время)​

- Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев худро мухолифи ҳукумати кунунии ин кишвар эълом кард. (видеои Настоящее время)

- Чи гуна Украина дар додгоҳҳо барои Қрим мубориза мебарад. (видеои Настоящее время)

- "Маъмурони пулис донишҷӯёнаро дар варзишгоҳ иҷборан нигаҳ доштанд"​. (видео)

- Айбдоркунии Отамбоев ва ваъдаҳои Ҷеенбеков. Дар шаҳри Бишкек 17 март бахшида ба 17-солагии ҳодисаҳои Оқсой гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Дар гирдиҳамоие, ки Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон ташкил кард, президенти пешин Алмосбек Отамбоев ҳукумати кунуниро "дар мудирияти хонаводагӣ" айбдор намуд. Президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар ҳамон рӯзи 17 март дар Оқсой гуфт, ки "ба ҳукумати хонаводагӣ" роҳ намедиҳад (видео аз Директ)​

- 5 соли Русия дар Қрим – "Бад мешавад, ки беҳ не" (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG