Ссылки доступа

Ба сокинони Туркманистон гузарондани мол ба Ӯзбекистон манъ шуд


Хадамоти марзбонии Туркманистон барои сокинони вилояти Дашоғузи ин кишвар интиқоли молро ба Ӯзбекистон манъ кардааст.

Расонаи "Хроника Туркменистана" бо истинод ба манобеи худ мегӯяд, дашоғузиҳое, ки шиносномаи русӣ ё раводид (виза)-и Ӯзбекистонро доштанд, метавонистанд, ба ин кишвар то 10 кило борро интиқол диҳанд.

"Сокинон асосан ба Ӯзбекистон маҳсулоти нассоҷӣ бурда, дар иваз молҳои камёфту гарон, аз ҷумла тамоку меоварданд. Вале марзбонони гузаргоҳи марзии "Дашоғуз" аз 10 март интиқоли молро ба Ӯзбекистон комилан манъ карданд. Аз ҷониби Ӯзбекистон ягон маҳдудият дида намешавад", - афзудааст расона.

Пештар хабар доданд, ки маъмурони гумруки Туркманистон дар марз бо Ӯзбекистон 8 мошини боркаши ҳомили филизҳои рангаро боздошт карданд. Ҳамаи молҳо дар эъломия расман қайд шуда буданд.

Ронандагони мошинҳо натавонистаанд, раводиди Қазоқистонро дарёфт кунанд ва бинобар ин, мехостанд, ба воситаи Ӯзбекистон ба он кишвар роҳ ёфта, моли худро бо маҳсулоти гуногун, аз ҷумла ғизо табодул кунанд. Дар ҳоли ҳозир ронандагон дар ҳабс буда, ба интиқоли ғайриқонунии мол айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG