Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон санҷиши идораи нашрияи "Супер-инфо"-ро ғайриқонунӣ номид


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 19 март бо қонеъ кардани шикояти ҳуқуқшиноси "Супер-инфо" санҷиши идораи ин нашрияро ғайриқонунӣ номид.

Ба гуфтаи вакили дифои "Супер-инфо" Таалайгул Токтакунова, додгоҳ қарори аз санҷиши андоз гузаронидани нашрияро ғайриқонунӣ ва беасос хонд. "Қарори додгоҳ бояд бе қайду шарт иҷро шавад. Санҷишгарон бояд қарори худро зуд бекор кунанд", - афзуд ӯ.

Дар Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ё пулиси молии Қирғизистон гуфтанд, ки моҳи январи соли 2019 як шаҳрванд ба пулис аз фаъолиятҳои ғайриқонунии бунёди ҷамъиятии "Маркази пуштибонӣ аз расонаҳо" ва баъзе нашрияҳо шикоят овардааст. Шаҳрванд аз номувофиқатии нишондоди адади нашр дар сомона ва дар худи нашрия шикоят кардааст. Бо дархости ин шаҳрванд тафтиши фаъолияти нашрияро оғоз кардаанд.

Фармоишгари асосии "Маркази пуштибонӣ аз расонаҳо" нашрияи "Супер - Инфо" аст. Ба иттилои пулиси молӣ, маҳз ҳамин нашрия теъдоди воқеии нашрашро пинҳон доштааст.

Дар "Маркази пуштибонӣ аз расонаҳо" мегӯянд, Хадамоти андоз пештар фаъолияти нашрияро санҷида буд ва ҳеч гуна қонуншиканиеро ҳам ошкор накардааст. Ба гуфтаи масъулони нашрия, маълумоти мақомот дар бораи номувофиқатии нишондоди адади нашр куҳна аст.

XS
SM
MD
LG