Ссылки доступа

Ширкатҳои мобилӣ барои боло бурдани нархи интернет то 1 май фурсат хостанд


Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ расман хостаанд, ки боло бурдани нархи интернетро то 1-уми майи имсол ба таъхир андозад.

Бар асоси қарори нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи интернети мобилӣ аз 27-уми март ду баробар гарон хоҳад шуд. Ҳоло нархи як гигабайт интернет аз 30 то 35 сомонист. Дар сурати ба иҷро даромадани қарори нав, қимати он ба беш аз 60 сомонӣ, муодили тақрибан ҳафт доллари амрикоӣ мерасад. Инчунин, нархи гуфтугӯҳои телефонӣ даҳ баробар гарон хоҳад шуд, аммо дар ин маврид "Тоҷиктелеком", ширкати вобаста ба Хадамоти алоқа, истисност.

Масъалаи гарон кардани нархи интернет рӯзи 19-уми март дар як ҷаласаи махсус дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ гардид. Ҷузъиёти ин ҷаласа, ки пушти дари баста гузашт, феълан ошкор карда намешавад.

Вале чанд манбаи мо гуфтанд, ки намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар ин ҷаласа аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостанд, то тасмими гарон кардани нархи Интернетро бозбинӣ ё иҷрои онро ба таъхир андозад.

Як масъули ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон 19 март гуфт, дар қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ бисёр паҳлӯҳои норӯшан вуҷуд дорад ва вақт барои татбиқаш ҳам хеле кам мондааст. "Ширкатҳо ба ҳама идораҳо бо далел навиштанд, ки чунин қарор оқибати хуб надорад. Тасаввур кунед, як бастаи интернети иборат аз 5-6 гигабайт, ки ҳоло тақрибан сад сомонӣ аст, дар сурати ба иҷро даромадани қарори нав беш аз 300 сомонӣ мешавад. Бо ин шароите, ки мардуми Тоҷикистон дорад, кӣ онро мехарад?",- суол гузошт як масъули ширкати мобилӣ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар сурати қабул нашудани дархости ширкатҳои мобилӣ баъд аз як ҳафтаи дигар нархи интернети мобилӣ ва гуфтугӯ тариқи NGN гарон хоҳад шуд. Ба гуфтаи манбаъ, нархи интернет тариқи сим ё ноқил бетағйир мемонад.

Қарори ду баробар боло бурдани нархи интернет ба вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Ҳамчунин 9 созмон ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ талаб карданд, ки қарори боло бурдани нархи Интернет ва гуфтугӯҳои телефониро бекор кунад.

Онҳо гуфтаанд, боло бурдани нархи Интернет "бо вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади сокинон мувофиқ нест" ва ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла озодии баёнро маҳдуд мекунад.

XS
SM
MD
LG