Ссылки доступа

ВКД: корманди пулис барои латукӯби зан аз мақом барканор шуд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон корманди худро, ки дар рӯзи ҷашни Наврӯз занеро латтукӯб кард, аз мақом барканор кардааст. Ҳамчунин раҳбарияти Воҳиди махсуси ин ниҳод "барои дуруст ба роҳ намондани корҳои интизоми-тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ", ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шудаанд.

Дар фармони Рамазон Раҳимзода аз рӯзи 21-уми март омадааст, старшинаи милиса Сафарбек Маҳмадсаидзода бо Мадина Шамсова, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, вориди баҳсу мунозира шуд.

"Ин корманди милиса худ қонуншиканӣ намуда, ба "вайрон намудани талаботи фармонҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ додааст" ва бино бар ҳамин аз сафи мақомоти вазорати умури дохилӣ озод карда мешавад", - афзудааст ВКД. Аммо дар иттилоияи вазорат гуфта нашудааст, ки нисбати Сафарбек Маҳмадсаидзода ба ҷуз барканорӣ, боз чӣ чораи дигар дида мешавад ё не.

Рӯзи 21-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки корманди милиса ба сару рӯи зане шаппотӣ мезанад. Танҳо пас аз дахолати сокинон зан канор меравад ва аз пушти сар ба милиса як шаппотӣ мезанад. Даст бардоштани корманди ВКД ба сари як занро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо лаҳни тунд танқид карданд.

Дар пайи ин ҳодиса, мақомот гуфтанд, зане, ки мавриди латукӯб қарор гирифт, ҳолати рӯҳии хуб надошт. Аммо дар хабари ахири Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ӯ дар ҳолати мастӣ буд. Мадина Шамсоваи 33-сола, сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ аст.

XS
SM
MD
LG