Ссылки доступа

Моҳиҳои дарёи Уили Қазоқистон талаф шуданд (видео)


Ба иттилои вазорати энержии Қазоқистон, дар дарёи Уили ин кишвар дар вилояти Атирау наздики 5 тона моҳӣ талаф шудааст. Мутахассисони вазорати кишоварзӣ мегӯянд, моҳиҳо ба далели нарасидани кислород дар қабати болоии об талаф гардидаанд.

Ба иттилои вазорати энержӣ, комисияи иборат аз намояндагони мақомоти давлатии вилояти Атирау, вазорати энержӣ ва кишоварзӣ ба ҷои ҳодиса рафтааст.

Мақомоти маҳаллӣ бо кумаки сокинон моҳиҳои мурдаро аз об берун меоранд.

Дидбонии вазъи муҳити атроф ва таҳқиқи сабабҳои ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG