Ссылки доступа

Интиқоли тобути 966 муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон


Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шудааст. Бар асоси гузориши расмии Омбудсмени Тоҷиикстон, ки рӯзи 31-уми март дастраси расонаҳо шуд, ин ниҳод "аз ҳолатҳои марги шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз кишвар" ибрози нигаронӣ кардааст.

Дар гузориши Омбудсмен бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки интиқоли тобути муҳоҷирон дар соли гузашта дар муқоиса ба соли 2017 беш аз 90 ҳолат зиёд аст.

Ба ҳисоби мақомот, 25 тани ин афрод ба қатл расонда шудаанд. Яке аз онҳо Ҳувайдои панҷсола аст, ки тобистони соли гузашта дар шаҳри Серпуховои Русия аввал таҷовуз ва сипас кушта шуд. Ӯро дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд.

Мақомоти Русия мегӯянд, то як миллион аҳолии Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат доранд. Аксари онҳо ба далели бекорӣ ва ё маоши паст дар ватан, ки аз мушкили умдаи сокинони Тоҷикистон аст, худро то онҷо расондаанд.

Бархе аз ин муҳоҷирон ба асари беморӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамла, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ё ҳодисаҳои ногаҳоние чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо фавтида, ҷасади онҳо тавассути ҳавопаймо ба кишвар оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG