Ссылки доступа

Шоир Зафари Сӯфӣ аз Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон хориҷ карда шуд


Зафари Сӯфӣ, шоир ва муассиси хабаргузориву нашрияи “Озодагон” ба хотири "носозгор будани мавқеи иҷтимоияш" аз узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон берун карда шудааст. Ӯ соли 2004 узви ин иттиҳод шуда буд.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон 30 март дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук далели чунин тасмимро “иштирок накардани Зафари Сӯфӣ дар ҳаёти Иттифоқи нависандагон ва мувофиқат накардани мавқеи иҷтимоияш бо мавқеи иҷтимоии Иттифоқи нависандагон” шарҳ дод.

Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагон ҳам 30 март гуфт, “сабаби ронда шудани чанд нафар ин аст, ки аз иттифоқ бисёр дур шуданд ва бо он ягон робита надоранд. Ба иттифоқ ягон ҳисобот пешниҳод намекунанд. Дур аз Ватан ҳастанд ва талаботи оинномаро иҷро карда наметавонанд”.

Худи Зафари Сӯфӣ, ки берун аз Тоҷикистон қарор дорад, 30 март гуфт, берун кардани вай аз сафи аъзои Иттиҳоди нависандагони кишвар барояш фоҷеае нест, вале ба ҳар сурат дар ҳаққи ӯ "ноҳаққӣ" шудааст”. “Ба чӣ хотир? Як нафари гумномтаринро, ки шояд ба ҷуз аз аҳли хонаводааш каси дигар нашиносад, узви иттифоқ карданд ва номаш дар қатори номи Лоиқ Шералӣ гирифта мешавад. Вале моро берун карданд. Арз кардам, ки фоҷеа нест. Аммо ноҳаққӣ шудааст ва инро ҳаволаи виҷдонашон мекунам", - изҳор дошт ӯ ва афзуд, -- "солҳое фаро хоҳанд расид, ки мардум хоҳад гуфт, фалониро барои дидгоҳи фарқкунандааш аз ҳукумат аз узвияти Иттифоқи адибон ихроҷ карда буданд. Аз ин тариқ барои мондан дар таърихи кишвар гӯшае боз шуд.”

Ин шоир ва рӯзноманигори тоҷик солҳои охир дар Қирғизистону Русия мезист ва чанд моҳ қабл дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шудааст. Ӯ тайи солҳои охир дар шеъру навиштаҳояш аз вазъи бади озодии баёну андеша, беамалии баъзе мансабдорон ва ҳамчунин шароити ногувори зисти сокинон дар кишвар танқид кардааст.

XS
SM
MD
LG