Ссылки доступа

Як қирғизистонӣ дар доираи парвандаи теракти метрои Петербург ҷустуҷӯ мешавад


Додгоҳи Басмани шаҳри Москва рӯзи 16 апрел ҳукми ҳабси шаҳрванди Қирғизистон Исломбек Тургуновро дар ғайбаш эълом кард. Вай дар доираи парвандаи теракти метрои шаҳри Санкт-Петербург гумонбар мешавад. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ дод.

Дар хабар омадааст, ки "Тургунов бо моддаи "Ширкат дар ҷамъияти террористӣ" гумонбар аст. Вай дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълом шудааст".

3 апрели соли 2017 дар метрои Петербург таркиш рух дод. Дар он таркиш 16 одам, аз ҷумла маргталаби эҳтимолӣ кушта шуд. Бештар аз 100 тани дигар маҷруҳ гардид. Мақомот мегӯянд, таркишро Акбарҷон Ҷалилов, зодаи 22-солаи Қирғизистон анҷом додааст. Дар доираи ин парванда 11 одам боздошт шудааст.

Ахиран дар додгоҳи Русия 10 тан аз 11 айбдоршавандаи парвандаи теракти метрои Петербург айбҳои эълоншударо рад карданд.

XS
SM
MD
LG