Ссылки доступа

Додситон амволи киро мехоҳад: Аз Кабирӣ ё мардум?


Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии дубораи баҳс миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва як гуруҳ аз моликони биное оғоз кард, ки аз ҷониби наздикони Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ сохта шудааст.

Додситонии кул талаб дорад, ки беш аз 20 хона ва мағоза дар Душанбе дар доираи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ ба фоидаи давлат мусодира шаванд. Сокинони хонаҳо мегӯянд, ба ин кор розӣ нестанд, зеро нӯҳ сол аст, дар ин бино зиндагӣ доранд ва маблағашро ҳам ба наздикони Муҳиддин Кабирӣ пардохта буданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро соли 2017 бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, дар ғайбаш ба зиндон маҳкум кард. Мусодираи молу мулки ӯ амри дигари додгоҳ буд. Ҳизби наҳзат ва раҳбаронашро мақомот ба барангехтани, ба гуфтаи онҳо, ошӯби нофарҷоми соли 2015 ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ муттаҳам мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои ин ҳизб иттиҳомотро беасос номида гуфтаанд, ки ҳеҷ гуноҳ надоранд ва ҳукумат бо баҳонаи ошӯб, ягона ҳизби мухолифро аз саҳнаи сиёсӣ дур кард.

Баҳси моликият ҳам аз онҷо сар шуд ва Додситонии кул ҳоло мехоҳад, хонаҳо ва толори савдои марбут ба Кабирӣ ва фарзандони ӯ ба фоидаи давлат мусодира шаванд. Ба бовари масъулони Додситонии кул, Кабирӣ ва наздикони ӯ ин амволро ба номи дигарон сабт кардаанд. Моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт талаби додситониро қисман қонеъ ва як қисми ин манзилҳоро давлатӣ эълон кард.

Аз ҷумла, беш аз 20 хонаву чанд мағоза дар пойтахт ба фоидаи давлат мусодира шуд. Аммо соҳибони ин манзил ва мағозаҳо ба қарори додгоҳ розӣ нестанд ва аз он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд.

Бар асоси қарори додгоҳ, бояд мағозаҳои се сокини дигари Душанбе Низомиддин Насриддинов, Шоҳин Нарзуллоев ва Ҷамшед Нарзуллоев давлатӣ карда шаванд. Ҷамшед Нарзуллоев, ки ба гуфтаи худаш мағозаро соли 2015 харид, дар "нотариус" расман ба қайд гирифта шудааст ва қонунӣ аст.

Соҳибони хонаҳое, ки мумкин аст давлатӣ шаванд, худро “қурбонӣ”-и қазияи Муҳиддин Кабирӣ бо мақомот медонанд. Онҳо мегӯянд, замоне аз наздикони Кабирӣ манзил гирифтанд, ки онҳо дар Тоҷикистон расман кор мекарданд ва набояд барои баҳси роҳбари наҳзат бо мақомот онҳо манзилҳои худро аз даст диҳанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб, 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, амволе ки додситонӣ мехоҳад ба нафъи давлат мусодира кунад, ба ӯ ва фарзандаш тааллуқ надорад. Вай гуфт, "ман ҳар моликияте, ки доштам, дар декларатсияҳо пур карда додаам ва ҳукумат медонад, ки ман чӣ қадар моликият дорам. Ва ҳарчӣ аз моли фарзандонам ҳастанд, дар назди ҳукумат мушаххас ҳастанд ва маълуманд. Дигар ин ки моликияте, ки аз мардум ба ном мусодира мекунад, моликияти шахсии афроди дигар аст, ки баъзеашон метавонанд, хеши мо бошанд ва баъзеашон афроди бегона ҳастанд ва ҳеҷ рабте ба мо надоранд."

Муҳиддин Кабирӣ аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад. Ҳизби наҳзати исломӣ то соли 2015 дар кишвар фаъолият мекард. Моҳи октбяри соли 2018 Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон бо мусодираи молу амвол” маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG