Ссылки доступа

Латту кӯби як ҳамҷинсгаро дар Самарқанд (видео)


Падари се фарзанд, ки дар Самарқанди Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад, гуфт, 14 апрел аз сӯи се шахси ношинос латту кӯб шудааст. Вай мегӯяд, ба хотири ҳамҷинсгаро буданаш ӯро латту кӯб кардаанд.

Марди 32 -солаи латукӯбшуда нақл кард, ки ду моҳ пеш бо марде тавассути шабакаи иҷтимоӣ ошно ва ва шоми 14 апрел қарори мулоқот доштанд.

"Вақте ман ба ҷои ваъдашуда омадам, чаҳор марди ҷавон маро дар мошин шинонда, ба ҷои дигар бурданд ва латту кӯб карданд", - нақл кард ин мард.

"Онҳо маро ӯрён карда, ба навор гирифтанд. Вале ман аз дасти онҳо раҳо ёфта, худро ба об партофтам. Вақте онҳо рафтанд, ман ба ҷои ҳодиса баргашам, онҳо ҷузвдон, шиноснома, 170 доллар ва 520 ҳазор сӯми маро рабуда буданд", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG