Ссылки доступа

Бозгашти "гурги дулта" ва ё кафтори рах-рах ба Ёвон (видео)


Кадр с видео
Кадр с видео

Пажӯҳишгарони тоҷик дар ноҳияи Ёвон кафтори рах-рахро навор бардоштанд, ки гумон мерафт, комилан нобуд шудааст.

Кормандони Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон панҷ сол пеш ба ҷустуҷӯи ин ҳайвони нодир шурӯъ карданд. Он замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезад, ки чӯпонҳо ду кафторро дар вилояти Хатлон куштаанд.

Халил Каримов, табиатшиноси тоҷик мегӯяд, то пайдо шудани ин навор олимон фикр мекарданд, ки кафтори рах-рах дар Тоҷикистон 30 сол боз вуҷуд надорад.

Пажӯҳишгарон соли 2017 дар вилояти Хатлон ду ҳайвони нодирро акс бардоштанд ва рӯзи 20-уми март дар ноҳияи Ёвон макони зисташро ёфтанд. “Мо аввал ҷойи пайи онро дидем ва дар даромадгоҳи ғоре, ки тахмин мекардем, кафтор зиндагӣ мекунад, камераи наворбардорӣ гузоштем. Он шаб камераи мо ҳаракати ҷонвари нодирро сабт кард ва ин дастоварди бисёр хуб аст", - гуфт Халил Каримов.

Таджикские исследователи вышли на след полосатой гиены
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:24 0:00

Кафтори рах-рахро дар Тоҷикистон гурги дулта ва ё “мурдахор” низ мегӯянд. Мардуми тоҷик ҳайвони наҳсаш мепиндоранд ва барои ҳамин ба гуфтаи табиатшиносон ин андешаи ботил боиси тақрибан аз байн рафтани кафтор шудааст. Дар асл, ба гуфтаи Халил Каримов, кафтор олами ҷонваронро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ эмин медорад.

Исмоил Холматов, биолог ва аъзои Иттифоқи ҳифзи табиати Тоҷикистон мегӯяд, кафтор аслан ҳайвонотеро мехӯрад, ки аз беморӣ ва ё бо дигар сабаб ҳалок мешаванд.

“Кафтор даррандаи фаъол нест. Ҳайвоноти мурда ғизои аслиаш аст. Тарзи ғизогирии кафтор ҳам ба табиат ва ҳам ба инсон фоида дорад. Мардум гумон мекунанд, ки кафтор ҳайвони бадхашму баднамуд аст, вале ин фикрҳо нодуруст аст” - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи табиатшиносон мумкин аст, ҳоло дар қаламрави вилояти Хатлон 40 кафтори рах-рах сукунат дошта бошанд. Халил Каримов мегӯяд, кафтор ба инсонҳо ва чорвои калон ҳамла намекунад. Танҳо гоҳо барра ва ё бузғолаеро мерабояд.

Ҳоло Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитология, Иттифоқи ҳифзи табиати Тоҷикистон бо ҳамкорони хориҷиашон саргарми таҳқиқи кафторҳои рах-рах ҳастанд ва мегӯянд, ин ҷонварон умдатан дар доманакӯҳҳои Оқтоу, воқеъ дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд.

Табиатан кафторҳои рах-рах дар найзорҳо зиндагӣ мекарданд, вале баъди танг шудани макони сукунат ба дараҳо кӯч бастанд. Дар Тоҷикистон дар манотиқи ҷанубуғарбӣ ва шимоли кишвар ҷойи сукунат доштаанд.

Дар Китоби сурхи Тоҷикистон омадааст, ки солҳои 70-ум тақрибан 20 кафтор дар кишвар вуҷуд дошт.

XS
SM
MD
LG