Ссылки доступа

Бишкек 141-сол шуд. Таҷлил аз солгарди таъсисёбии пойтахти Қирғизистон


Шаҳри Бишкеки Қирғизистон 29 апрел 141-сола мешавад. Бахшида ба Рӯзи пойтахт шаҳрдорӣ барномаи ҷашнӣ омода кардааст.

Чаробиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ дар саросари шаҳр занӯз аз 19 апрел шуруъ шуданд. Чорабинии асосӣ дар рӯзи ҷашн дар майдони марказии пойтахт - "Ала-Тоо" баргузор мешавад.

Дар консерти бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳунармандони хориҷӣ ширкат мекунанд. Дар поёни ҷашн мушакпарронии 6-дақиқаӣ сурат мегирад.

Имрӯз аз соати 4 шом хиёбони марказии Бишкек барои убури нақлиёт баста мешавад.

XS
SM
MD
LG