Ссылки доступа

Ёвари як додситон дар Ӯзбекистон пиёдагардеро пахш ва аз ҷои ҳодиса фирор кард


Садамаи маргбор бо ширкати ёвари додситон 25 апрел дар ноҳияи Марҳамати Ӯзбекистон рух дод. Марди 45-сола зери чархи мошини корманди додситонии ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон монд.

"Садама хеле ваҳшатангез буд. Вақте одамон ба ҷои ҳодиса омаданд, ронандаро пайдо накарданд. Марди 45-соларо ба бемористон бурданд, вале табибон хабар доданд, ки вай аллакай мурдааст", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Мақомоти Ӯзбекистон тасдиқ карданд, ки пӯшти фармони мошин ёвари додситони ноҳияи Марҳамат Б.П. қарор дошт.

Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз ва тафтишот шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG