Ссылки доступа

Додгоҳи Швейтсария фурӯхтани мошинҳои Гулнора Каримоваро манъ кард


Се мошини гаронарзише, ки аз духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова мусодира гаштаанд, фурӯхта нахоҳанд шуд.

Бино ба иттилои Le Temps, арзиши се мошини Каримова - Mercedes-Benz SLR2DR, Bentley Arnage ва Range Rover Sport V8 1 миллион франк (ҳудуди 1 миллион доллар) муайян шудааст.

Ба навиштаи Nashagazeta.ch, Додгоҳи федеролии Швейтсария дар робита ба қазияи духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон ду қарореро содир карда, ки яке аз онҳо фурӯхтани мошинҳои Каримоваро манъ мекунад. Ин мошинҳо соли 2013 мусодира гашта, то ҳол дар робита ба тақдири онҳо қароре содир нашудааст.

Додситонии кулли Ӯзбекистон 5 март хабар дод, ки Гулнора Каримова бо қарори додгоҳ аз ҳабси хонагӣ ба зиндон интиқол дода шудааст.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

XS
SM
MD
LG