Ссылки доступа

Ӯзбекистону Қазоқистон ҷузъиёти "Silk Visa"-ро коркард мекунанд


Ӯзбекистону Қазоқистон ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ тасмим доштанд, намунаи Шенгени Аврупоӣ - визаи ягонаи "Silk Visa"-ро роҳандозӣ кунанд, ки дар оянда имкон медод, кишварҳои дигари минтақа фаро гирифта шаванд.

"Мақомоти масъули Ӯзбекистону Қазоқистон ҳоло рӯи ин тарҳ фаъолона кор доранд. Сабаби аслии то кунун роҳандозӣ нашудани ин тарҳ дар он аст, ки ду кишвар равишҳои мухталифи низоми бевизаро бо кишварҳои хориҷӣ доранд. Қазоқистон рӯйхати алоҳидаи кишварҳоеро дорад, ки бо онҳо равуои бевизаро ба роҳ мондааст, мо рӯйхати худро дорем", - гуфт Улуғбек Қосимхоҷаев, муовини аввали раиси кумитаи туризми Ӯзбекистон.

Коршиносон гуфтанд, як масъалаи дигар арзиши виза аст. "Қазоқистон як нархгузориро муайян кардааст, мо нархи дигарро. Мо бояд инро мувофиқа кунем. Аз ҳамин хотир, ҳоло мо ин ҷузъиётро мувофиқа дорем", - гуфт вай.

Қосимхоҷаев дар мавриди замони роҳандозии раводиди мазкур гуфт, иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар дар робита ба Silk Visa ҳаст ва бештари корҳо дар ин замина аллакай иҷро шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои дахлдор бо масъалаҳои боқӣ машғуланд.

Пештар хабар дода буданд, ки Қирғизистону Тоҷикистон низ омодаанд, ба тарҳи Silk Visa пайванданд ва Туркманистон дар ин замина фикр дорад. Имкони пайвастани Озарбойҷону Туркия низ дар оянда баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG