Ссылки доступа

Ҳабси фаъоли қазоқро барои шиор аз Конститутсия ба ҷарима иваз карданд


Роман Захаров, фаъоли мадании Қазоқистон, ки 29 апрел баъди овезон кардани нутқе аз Конститутсия боздошт ва 5 рӯз ҳабс шуда буд, ҳамакнун озод ва ҷарима шуд.

Захаровро шаби душанбе ба сешанбе озод карданд.

Ерлан Ерболатулӣ, вакили мудофеи Захаров гуфт, ки додситон дархости бозбинии парвандаро додааст.

"Додситоне, ки пештар ҳабси ӯро талаб карда буд, дубора дархост кард, ки ҳабс бо ҷарима иваз шавад. Шаб Захаровро дубора ба додгоҳ бурданд ва дар чанд дақиқа ҳукмро иваз карданд", - гуфт Ерболатулӣ.

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон Роман Захарови 30-соларо бо моддаи "Майдаавбошӣ" рӯзи душанбе 5 рӯз ба ҳабс гирифт. Захаров дар додгоҳ айби эъломшударо рад кард.

Захаров баъди қироати ҳукм гуфт, мехост, бо ин роҳ аз фаъолони ҳабсшуда Осия Тулесова ва Бейбарис Толимбеков, ки баъди иқдоми даъват ба баргузории интихоботи шаффоф 15-рӯзӣ ҳабс шуданд, пуштибонӣ кунад.

Дар Қазоқистон рӯзи 9 июн баргузории интихоботи президентӣ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG