Ссылки доступа

Зеленский расман президенти интихобшудаи Украина эълом гардид


Комисияи марказии интихоботии Украина рӯзи сешанбе натиҷаҳои даври дувуми интихоботи президентиро тасдиқ кард. Дар ҷаласаи комисия дар шаҳри Киев расман эълом шуд, ки Владимир Зеленский дар интихобот пирӯз шудааст.

Санадҳоро намояндагони номзадҳо имзо гузошта, аз ҷараёни интихобот ва раъйдиҳӣ шикояте накарданд.

Зеленский дар даври дувум бештар аз 73 дарсад ва рақиби вай Петр Порошенко бештар аз 24 дарсад раъй гирифт. Ба ҷуз аз вилояти Лвов, Зеленский дар ҳамаи ҳавзаҳои дигар бештар аз рақибаш раъй гирифт, дар ҳоле, ки Порошенко дар хориҷ аз Украина овози бештар дарёфт кард. Дар Русия ҳавзаҳои раъйдиҳӣ ташкил нашуд.

Зеленский 41 сол дорад. Вай бозигар, шоумен ва пардозгар, роҳбари студияи "Квартал-95" аст. То замони ворид шудан ба сабқати президентӣ ба сиёсат машғул набуд ва мақоми давлатӣ низ надошт.

Петр Порошенко соли 2014 сари қудрат омад. Моҳи майи ҳамон сол интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд ва Порошенко дар даври аввал ғалаба кард. Раъйдиҳӣ баъди он доир гардид, ки дар моҳи феврали соли 2014 президенти вақти Украина дар натиҷаи инқилоби мардумӣ аз қудрат барканор гардид.

XS
SM
MD
LG