Ссылки доступа

Куштори хазинадори ӯзбекистонӣ дар яке аз мағозаҳои Русия


Дар яке аз мағозаҳои "Пятерочка"-и Тулаи Русия сокини маҳаллӣ хазинадори ӯзбекистониро бо 20 зарби корд қатл кард. Гумонбар баъд аз қатли зодаи Ӯзбекистон аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Дар навор дида мешавад, ки замони ҳамлаи мард ба зодаи Ӯзбекистон муҳофизони мағоза танҳо назорат мекарданд ва талош накарданд, ки хазинадорро наҷот диҳанд.

Зани ӯзбекистонӣ 3 фарзанд дошт.

Ирина Волк, намояндаи расмии мақомоти Русия гуфт, гумонбар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG