Ссылки доступа

Дар шаҳри Нурсултон бештар аз 350 сокинро баъди сухтор дар хобгоҳ кӯчониданд


Баъди оташсӯзӣ дар хобгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 20 одам, аз ҷумла 14 кӯдак барои дарёфти кумаки тиббӣ ба бемористон муроҷиат карданд.

Шаби панҷшанбеи 2 май, соати 22:30 дақиқа хабар расид, ки хобгоҳи панҷошёнае оташ гирифтааст.

"32 одам, аз ҷумла 28 кӯдак наҷот дода шуд. 350 тани дигар мустақилона аз хобгоҳ берун омаданд", - иттилоъ дод кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон.

Оташ хомӯш карда шуда, сабабҳои сар задани он мушаххас мешавад.

XS
SM
MD
LG