Ссылки доступа

Радиои "Гранд" робитаи худро бо шавҳари пешини Гулнора Каримова рад кард


Раҳбарияти нахустин радиои хусусӣ ва тиҷории Ӯзбекистон – Радиои "Гранд" робитаи худро бо шавҳари пешини Гулнора Каримова рад карда, қарори ба нафъи давлат мусодира шудани радиоро шарҳ дод.

Дар шаҳри Тошканд ахиран саҳмияҳои ширкати "EDEL VEYS-ALI"-ро, ки молики Радиои "Гранд" аст, ба фурӯш гузоштанд.

Масъулони радио бо нашри баёнияе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуфтанд, "пас аз 20 соли фаъолият ба назди раҳбар ва муассиси мо Светлана Хон омада, гуфтанд, ки ин радиои шумо нест. Ҳамаи санадҳое, ки аз соли 2002 молик будани Хон С. Н.-ро тасдиқ мекунанд, мавҷуданд. Ба тамоми ниҳодҳо муроҷиат кардем, вале бенатиҷа буд".

Ҳамчунин қайд шудааст, ки дар ягон санад номи шавҳари пешини Гулнора Каримова -- Рустам Мадумаров оварда нашудааст ва он ҳеч робитае бо радио надорад.

"Додгоҳ қарор кард, ки радио ба нафъи давлат мусодира шавад. Ягон корманди моро ба мурофиа даъват накарданд. Танҳо охири соли гузашта Светлана Хонро аз содир шудани чунин қарор огаҳ карданд. Мо бовар дорем, ки инҷо иштибоҳи бузурге шудааст, вале бо сабабҳое он ислоҳ намешавад", - афзудаанд масъулони радио.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки ширкати мазкур гӯиё ба шавҳари пешини духтари калонии президенти нахустини Ӯзбекистон тааллуқ дорад. Онро 8 май дар музояда ба фурӯш гузошта, нархашро 4,1 миллиард сӯм муайян кардаанд.

"Тавре аз хабарҳо маълум шуд, арзиши радио ду баробар поин бурда шудааст ва шахсе аллакай тасмим гирифтааст, ки онро бихарад ва танҳо рӯзи музоядаро мунтазир аст", - омадааст дар баёния.

XS
SM
MD
LG