Ссылки доступа

Сафирони ғарбӣ аз ҳукумат хостанд, ки интернетро набандад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Қазияи намози ҷумъа дар ноҳияи Нуробод. Ноҳияи Нуробод, тайи як ҳафтаи ахир бо сару садоҳо дар бораи манъи намози ҷумъа дар чанд масҷидаш расонаӣ шуд ва ба яке аз мавзуъҳои аслии баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд. Хабарнигорони Озодӣ барои маълум кардани асли ҳодиса ба ин ноҳия сафар карданд. (видео)

- Далер Шарифов: Матбуоти мо давраи бӯҳрониро ба сар мебарад. Дар Рӯзи озодии баён Радиои Озодӣ бо Далер Шарифов, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбате анҷом дода, нахуст аз ӯ пурсида шуд, ки то куҷо матбуот дар Тоҷикистон озод аст? (видео)

- Осиё: додгоҳ барои фаъолон, фотошоп - барои роҳбарон. Дар Қазоқистон додгоҳи фаъолони боздоштшуда идома дорад. Дар остонаи оғози моҳи Рамазон қимати маҳсулот дар бозорҳои Осиёи Марказӣ боло рафт (видеои Настоящее время)

- Сабти мори азимҷусса дар Ҳисор ва даъвати донишмандон ба эҳтиёт. Чанд ҷавони тоҷик ҳангоми подабонӣ дар ноҳияи Ҳисор мори азимҷуссаеро ба навор гирифтаанд. Донишмандон мегӯянд, дар ин мавсим бояд аз онҳо эҳтиёт кард (видео)

- "Ба ҳамааш Рамазон гунаҳкор?" Бисёре аз сокинони Тоҷикистон шикоят доранд, ки дар остонаи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоӣ афзудааст. Онҳо гуфтанд, ин вазъ солҳо боз идома дорад ва зоҳиран ба одат табдил меёбад. Мақомот бо ташкили ярмаркаҳо мехоҳанд, ки нархро нисбатан поин нигоҳ доранд (видео)

- Сафирони ғарбӣ аз ҳукумат хостанд, ки интернетро набандад. Баъзе аз сафирони кишварҳои ғарбӣ дар Рӯзи озодии матбуот аз баста мондани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон сахт танқид карданд (видео)

- Ҳалокати 41 кас дар натиҷаи оташ гирифтани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметево. (видео аз Директ)

- Ҷаҳон ва таслиҳот. Ба иттилои SIPRI, харҷҳои низомӣ дар соли 2018 дар ҷаҳон ба $1,822 триллион расидааст, ки назар ба соли 2017 2,6 дарсад бештар мебошад. Қазоқистон аз рӯи харҷи низомӣ дар миёни кишварҳои ҷаҳон мақоми 15-умро касб кардааст. Соли 2018 харҷи низомии ин кишвар $1,6 миллиардро ташкил дод. (инфографика)

- Дар Осиёи Марказӣ пеш аз Рамазон ғизо гарон шуд (видео аз Директ)

- Рассом аз Латвия аз доллар расм мекашад (видеои Настоящее время)

- Чаро Русия манфиатдори бақои режими Венесуэла аст (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG