Ссылки доступа

ИМА бо фиристодани киштиҳои ҳавопаймобар ба Шарқи Наздик ба Эрон паём медиҳад


ИМА бо фиристодани киштиҳои ҳавопаймобари иловагӣ ба Шарқи Наздик, ба Эрон "паёми рушан" медиҳад, хабар дод Кохи сафед.

"Дар посух ба бурузи нишонаҳои таниш ва огоҳсозӣ ИМА гуруҳи зарбазан ва киштиҳои ҳавопаймобари USS Abraham Lincoln-ро ҳамроҳ бо гуруҳи бомбаандоз ба минтақаи таҳти назорати Фармондеҳии марказии ИМА мефиристад", - омадааст дар изҳороти мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон.

Фиристодани нерӯи изофӣ ба Шарқи Наздик "паёми рушанест" ба режими Эрон, ки "ҳамагуна ҳамла ба манофеи ИМА ва ё ҳампаймонони наздикаш" посухи сангине дар пай дорад. Болтон гуфт, ИМА бо режими Эрон ҷангиданӣ нест, аммо омодааст, ба ҳама гуна ҳамлаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва артиши Эрон посух диҳад.

Дар изҳороти Кохи сафед зикр нашудааст, ки чаро ирсоли нерӯи изофӣ маҳз дар ин марҳила сурат мегирад, аммо пештар аз ин ИМА бо ҳадафи пешгирии фаъолшавии Теҳрон дар минтақа, фишор болои мақомоти Эронро бештар карда буд.

XS
SM
MD
LG