Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон тавсия дод, баъди ҷамъоварии ҳосил рӯза гиранд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотияш бахшида ба моҳи Рамазон ба кишоварзони кишвар тавсия дод, ки метавонанд пас аз ба поён расидани мавсими ҷамъоварии ҳосил рӯза бигиранд.

Раисҷумҳури кишвар гуфтааст, имсол низ моҳи Рамазон дар фасли гармо фаро расид ва "шахсоне, ки бо корҳои саҳроӣ ва дигар навъҳои меҳнати вазнин машғуланд, дар сурати доштани рӯза ба машаққати сахт гирифтор мешаванд ё ҳатто саломатии онҳо зарар мебинад".

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, агар кишоварзон ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ накунанд, он боиси ба миён омадани мушкилот, аз ҷумла гароншавии маҳсулот ва ҳатто гуруснагӣ хоҳад шуд.

"Чунонки дар осори донишмандони фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст, шахсоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд, аз ҷумла кишоварзон ва коргарони коргоҳу корхонаҳо рӯза нагирифтанашон мумкин аст. Гурӯҳҳои зикршудаи мусулмонон метавонанд дар дигар вақти барояшон мусоид рӯза гиранд", - афзудааст президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотияш ҳамчунин боло рафтани нархҳоро дар арафаи моҳи Рамазон танқид карда, гуфтааст, "онҳое, қимати маҳсулоти озуқаро “беасос баланд мебардоранд, боиси озурдахотирии ҳамватанони мусулмони хеш мегарданд” ва худу аҳли хонаводаашонро аз савоби ин моҳ маҳрум месозанд.

Дар Тоҷикистон дар остонаи моҳи Рамазон ва бо афзудани талабот ба маводи хӯрока, умдатан қимати молу маҳсулот боло меравад ва имсол ҳам истисно набуд. Аммо айни замон мақомоти расмиро танқид мекунанд, ки бо усулҳои фармонфармоӣ на бо назардошти қонуни бозор мехоҳанд, қиматҳоро поин биёранд, аммо баръакс ба гаронтар шудани он мусоидат мекунанд.

XS
SM
MD
LG