Ссылки доступа

Манзили Азимҷон Аскаров - ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ - дубора ба ҳабс гирифта шуд


Манзили ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров, ки ба зиндони якумрӣ маҳкум шудааст, дубора ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Валерян Вахитов хабар дод.

Ба гуфтаи вакил, бори нахуст манзили Аскаровро дар соли 2010 ба ҳабс гирифтанд, аммо бо талошҳои ҳомиёни ҳуқуқ ва вакилони мудофеъ, манзил аз ҳабс раҳо шуд. Соли 2012 додгоҳ Аскаровро вазифадор кард, ки ба ҳамсари пулиси кушташуда бештар аз 2400 доллар ҷуброн пардозад.

"Манзил ба Азимҷон Аскаров мерос мондааст. Дар робита ба он ки Аскаров ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, ҳамсари вай мехост, хонаро ба номи худ сабт кунад. Аммо додгоҳи вилоятӣ қарори ҳафт соли пешро ёдовар шуда, манзилро дубора ба ҳабс гирифт. Дар ин манзил ҳамсари куҳансоли Аскаров бо фарзандонаш зиндагӣ мекунад", - хабар дод вакили мудофеъ.

Азимҷон Аскаров, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи ноҳияи Бозор-Қурғони вилояти Ҷалолобод баъди даргириҳои қавмии байни қирғиз ва ӯзбекҳо дар моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо ва ширкат дар куштори корманди пулис боздошт шуд. Бо қарори ҳамаи зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки ҳукми Аскаров бозбинӣ шавад.

XS
SM
MD
LG