Ссылки доступа

Мақоми аввали Ӯзбекистон дар раддабандии фурӯши тило


Дар 3-моҳаи аввали соли ҷорӣ Ӯзбекистон дар ҷаҳон аз рӯи фурӯши ҳаҷми тило дар мақоми аввал қарор гирифт. Дар ин бора дар ҳисоботи World Gold Council (Шӯрои ҷаҳонии тило) зикр шудааст.

Бино бар ин ҳисобот, Ӯзбекистон аз моҳи январ то март 6 тонаву 200 кило тило фурӯхтааст.

Мақоми дувумро Муғулистон бо 3,4 тона ва мақоми севумро Тоҷикистон бо фурӯши 1 тона тило касб кардааст.

Русия - бузургтарин кишвари харидори тило унвон шуд. Аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ Бонки марказии Русия 55,3 тона тило харидааст. Мақоми дувумро Туркия (40 тона) ва севумро Чин (33 тона) ишғол карданд.

Моҳи апрел Бонки марказии Ӯзбекистон хабар дод, ки то охири соли ҷорӣ тасмим дорад, 80 тона тило фурӯшад. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 10 тона бештар аст.

Ба иттилои Бонки марказии Ӯзбекистон, буҷаи давлатӣ аз ҳисоби фурӯши 80 тона тило 3,4 миллиард доллар даромад мебинад.

XS
SM
MD
LG