Ссылки доступа

Раиси пешини амнияти Қирғизистон аз зиндон озод шуд (видео)


Додгоҳи шаҳрии Бишкек раиси пешини кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Мурод Суталиновро дар робита ба вазъи сиҳатиаш аз зиндон озод кард. Қарори озодии вай 7 май қабул гардид.

Комисияи вазорати тандурустии Қирғизистон саратони дараҷаи 4-уми Суталиновро тасдиқ кард.

Мурод Суталинов дар замони президентии Қурмонбек Боқиев вазири корҳои дохилӣ ва раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон буд. Суталинов бо айби даст доштан дар куштори эътирозгарони 7 апрели соли 2010 дар маҷмуъ 20 сол зиндонӣ шуда буд.

Баъди ҳодисаҳои апрелӣ аз Қирғизистон хориҷ шуда, аммо моҳи декабри соли 2011 ихтиёран ба додгоҳ ҳозир шуд.

Вакилони мудофеи Суталинов аз додгоҳ хостанд, ки ӯро пеш аз муҳлат озод кунад.

XS
SM
MD
LG