Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон бо банди "қаллобӣ" дигар парванда боз намекунанд


Бархе аз сокинони Ӯзбекистон мегӯянд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар шикояти онҳо дар робита ба ҳолатҳои қаллобиро қабул намекунанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, мақомот мехоҳанд, бо ин роҳ сатҳи ҷинояткориро поин нишон диҳанд.

Нозири идораи пулиси яке аз ноҳияҳои шаҳри Тошканд, ки нахост номаш ифшо шавад, ин хабарро тасдиқ кард.

"Дар дасти мо дар робита ба ҳолатҳои қаллобӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ шикоятҳои зиёде ҳаст. Вале раҳбарият иҷозат намедиҳад, ки парванда боз кунем. Раҳбарияти олии мо мехоҳад, президентро фиреб диҳад, ки сатҳи ҷинояткорӣ поин рафтааст", - афзуд ӯ.

Намояндаи Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон бо тасдиқи суханҳои нозир гуфт, боз нашудани парвандаҳо роҷеъ ба ҳолатҳои қаллобӣ ба фармони президент рабт дорад, ки аз раҳбарияти Вазорати умури дохилӣ ва додситонии ин кишвар хостааст, сатҳи ҷинояткориро поин баранд.

"Дар робита ба ҳолатҳои қаллобӣ боз нашудани парванда на танҳо дар Тошканд, балки дар саросари кишвар мушоҳида мешавад. Ин дастури шахсоне аст, ки намедонанд, мафҳуми ҷинояткорӣ чист. Агар мо ҳоло парванда боз накунем, мардуме, ки молу чизашро аз даст додааст, худсарона қаллобонро муҳокима хоҳанд кард", - изҳор дошт вай.

Сокинони Тошканд ва вилояти Намангон низ мегӯянд, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ шикояти онҳо дар робита ба ҳолатҳои қаллобиро қабул намекунанд.

XS
SM
MD
LG