Ссылки доступа

Расонаҳо: рафтори сарнишинон - гузинаи аслии фоҷиаи ҳавопаймои SSJ-100


Гузинаи аслии фуруди изтирорӣ ва оташсӯзии ҳавопаймои "Сухой Суперҷет" (SSJ-100) дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Москва рафтори халабонҳо унвон шуд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба коршиносон хабар дод.

Ҳамсуҳбатони нашрия чанд иштибоҳеро зикр карданд, ки эҳтимолан боиси оташ гирифтани ҳавопаймо шудаанд. Иштибоҳи аввал - тасмими халабонҳо дар мавриди парвоз аз минтақаи раъду барқ, иштибоҳи дувум - тасмими фурудоии фаврӣ баъди аз кор мондани автоматика ба далели расидани раъду барқ ба ҳавопаймо. Халабонҳо метавонистанд, ҳавопайморо чанд соат дар ҳаво нигаҳ доранд ва сӯзишвориро сарф кунанд.

Шароити фуруд омаданро ба фурудгоҳ ҳамсуҳбатони "Коммерсантъ" бехатар унвон карданд. Коршиносон гуфтанд, ки халабонҳо эҳтимолан чанд иштибоҳи дигар содир кардаанд.

То кунун расман эътироф нашудааст, ки сабаби фурудоии изтирорӣ ва марги одамон бо иштибоҳи халабонҳо сурат гирифтааст. Коршиносон ба гӯш кардани "қуттиҳои сиёҳ"-и ҳавопаймо шуруъ карданд.

Кумитаи тафтишотии Русия низ чанд гузинаи фоҷиаро баррасӣ мекунад.

Ҳавопаймои Superjet-100 рӯзи 5 май аз Москва ба Мурманск парвоз мекард. Ин ҳавопаймо баъди чанд лаҳзаи ба ҳаво хестан дубора ба фурудгоҳи Шереметево баргашт. Замони расидан ба замин ҳавопаймо оташ гирифт. Дар ин ҳодиса 41 тан аз 78 сарнишини ҳавопаймо кушта шуд.

XS
SM
MD
LG