Ссылки доступа

Тоқаев гуфт, ҳукуматаш кумакҳои иҷтимоиро ба мардум расонидааст


Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мегӯяд, "ҳукумат ҳисобот дод", ки "кумакҳои суроғавии иҷтимоӣ" ба ниёзмандон расонида шудааст.

Вай дар ин бора дар саҳифаи Твиттер хабар дод.

Бердибек Сафарбоев, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон 6 май гуфт, ки барои пардохти кумакҳои иҷтимоии суроғавӣ бештар аз 340 млн доллар ҷудо шудааст. Ба гуфтаи вазир, то кунун ба 160 ҳазор хонаводаи ниёзманд кумаки иҷтимоӣ расонида шудааст.

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, ки 830 ҳазор сокини ниёзманд кумаки иҷтимоӣ дарёфт хоҳанд кард. Ваъда президенти пешин дар ҳоле садо дод, ки эътирози модарони серфарзанд авҷ мегирифт.

Моҳи апрел хонаводаҳои ниёзманд шикоят карданд, ки барои дарёфти кумак соатҳо навбатпоӣ мекунанд ва мансабдорони маҳаллӣ аз онҳо ҳуҷҷатҳои зиёде талаб менамоянд.

XS
SM
MD
LG