Ссылки доступа

Аксу наворгирии президенти Қирғизистон дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" манъ шуд


Дар шаҳри Бишкек 9 май бо иштироки президент Сооронбой Ҷеенбеков роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор хоҳад шуд.

Масъулони дастгоҳи президенти Қирғизистон ба хадамоти матбуотӣ дастур додаанд, ки қоидаи аксу наворгириро аз ҷараёни роҳпаймоӣ ба рӯзноманигорон фаҳмонанд. Пас аз пайвастани Ҷеенбеков ба сафи роҳпаймоён аксу наворгирии чорабинӣ манъ хоҳад буд.

Ба огаҳии манбаъ, рӯзноманигорон танҳо метавонанд пас аз рафтани президенти Қирғизистон аз ҷараёни роҳпаймоии "Полки абадӣ" аксу навор бигиранд. Ҳамчунин истифодаи дрон манъ шудааст.

Дар Қирғизистон ҳамасола бахшида ба 9 май дар шаҳри Бишкек бо иштироки ҳазорҳо нафар роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG