Ссылки доступа

Мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Латвия (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 7-уми майи соли 2019. Пешниҳоди боло бурдани ҷарима барои вайрон намудани қоидаи роҳ, раҳоии хабарнигорон аз зиндони Мянмар, мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Латвия, сабаби баста шудани масҷиде дар Хатлон ва дастури шаҳрдории Душанбе дар давраи Рамазон (видео)

- Пешниҳоди боло бурдани ҷарима барои қонуншиканӣ дар роҳ. Як вакили порлумон барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор дар Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд (видео)

- "Ба мо амр медоданд, ки ба зидди мухолифон нависем". Яке аз кормандони гурӯҳҳое, ки бо номи "Фабрикаи ҷавоб" машҳур шудаанд, дар бораи кори худ дар ин бахш нақл мекунад. Бо андешаҳои амниятӣ садои ӯ тағйир дода шудааст (видео)

- Осиё: Қазоқистон Рӯзи ҳомиёни ватанро ҷашн мегирад. Қазоқистон 7 май Рӯзи ҳомиёни ватанро таҷлил мекунад. Додгоҳе дар Бишкек раиси пешини Кумитаи амнияти Қирғизистонро, ки ба бемории саратон гирифтор аст, пеш аз муҳлат озод кард. Дар Тоҷикистон шумори қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ аз бемориҳои сироятӣ бештар аст. (видеои Настоящее время)

- Дар Қарағанда қатъи буридани дарахтҳоро талаб доранд. (видео)​

- 700 мушаки Исроил ба Ғазза дар 48 соат: ташаннуҷи навбатии вазъ. (видео аз Директ)

- Расонаҳои озод ба институтҳои демократӣ метавонанд кумак расонанд. (видео аз Директ)

- Таҳқиқи марги 41 нафар ва аз ҷумла як тоҷик, дар сӯхтори ҳавопаймо дар Маскав оғоз ёфт (видео)

- Додгоҳе дар шаҳри Бишкек раиси пешини КДАМ-ро озод кард: ӯро барои парондани одамон дар соли 2010 зиндонӣ карда буданд (видеои Настоящее время)​

- Сокинони Истамбул қошуқро ба зарф мезананд: эътироз зидди бекор кардани натиҷаҳои интихобот (видеои Настоящее время)

- Умеди авиапроми Русия: "Суперҷет" чи гуна сохта шуд (видеои Настоящее время)​

- "Бале, маро ҳабс ё ҷарима мекунанд! Вале низом фурӯ мерезад": фаъоли қазоқистонӣ дар бораи он ки чаро ба эътирозҳо меравад (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG