Ссылки доступа

Бонкдорони "Давр" дар шаҳри Тошканд баъди дуздии пули муштариҳо ҳабс шуданд


Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон кормандони бонки "Давр" бо гумони дуздӣ боздошт шуданд.

Ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон, як сокини вилояти Сирдарё шикоят кардааст, ки 9 ҳазор доллари вай ба суратҳисоби бонкиаш интиқол дода нашудааст. Ба ҷуз ин, 20 сокини дигар ҳам ба мақомот айни ин шикоятро бурдаанд.

Бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ кормандони бонки "Давр" Ю.Ж. ва М.Б. боздошт шудаанд. Нисбати онҳо бо моддаи "Қаллобӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG