Ссылки доступа

Қирғизистон 4 истироҳатгоҳро дар соҳили Иссиқкӯл ба Ӯзбекистон барнагардонд


Ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки баҳси ба Ӯзбекистон додани 4 истироҳатгоҳ дар соҳили Иссиқкӯл дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Сарвазири вақти Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар соли 2017 истироҳатгоҳҳои мавриди назарро дар ивази сармоя ва қатъи даъвоҳои додгоҳӣ ба Тошканд дод.

Ҳукумати Қирғизистон ахиран хабар дод, ки баҳси истироҳатгоҳҳо дар Додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ баррасӣ мешавад.

Соли 2016 ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии сарвазир Темир Сариев тасмим гирифт, истироҳатгоҳҳои марбут ба Ӯзбекистонро дар соҳили Иссиқкӯл миллӣ гардонад.

Аммо Ӯзбекистон ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд. Тошканд даъво дорад, ки Қирғизистон созишномаи байни давлатҳои пешини шӯравиро аз соли 1992 вайрон кардааст. Созишномаи мазкур истифодаи иншоотеро ба танзим медарорад, ки баъди пошхӯрии СССР дар ҳудуди ҷумҳурии дигар боқӣ мондаанд.

Моҳи декабри соли 2017 сарвазири вақти Қирғизистон Сафар Исҳоқов хабар дод, Бишкек истироҳатгоҳҳоро ба Ӯзбекистон медиҳад, аммо заминро дар ихтиёри худ нигаҳ медорад. Дар иваз Ӯзбекистон уҳдадор шуда буд, ки дар истироҳатгоҳҳо сармоягузорӣ кунад ва даъвои додгоҳиашро пас гирад.

Аммо 8 майи соли 2019 ҳукумати феълии Қирғизистон хабар дод, ки созишномаи Сафар Исҳоқов бо ҷониби Ӯзбекистон дар ниҳоят имзо нашуда буд.

XS
SM
MD
LG