Ссылки доступа

NetBlocks дар Қазоқистон 9 май "сайтбандии саросарӣ"-ро мушоҳида кард


Провайдер ё фароҳамкунандагони Интернет дар Қазоқистон рӯзи 9 май дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, амсоли Facebook, Instagram ва YouTube, инчунин паёмакрасони Telegram ва чанд сомонаи хабариро масдуд карданд.

Дар ин бора гуруҳи NetBlocks хабар дод, ки озодии Интернетро мониторинг мекунад.

Муаллифон мегӯянд, бархе аз шабакаҳо комилан аз кор монданд.

"Масдудсозӣ субҳи рӯзи панҷшанбе ё шаби чаҳоршанбе роҳандозӣ шудааст", - хабар медиҳад гуруҳи NetBlocks.

"Маҳдудсозии мазкур ба эҳтимоли зиёд баъди он роҳандозӣ шуд, ки гуруҳи дигарандешон тасмим гирифтанд, 9 май иқдоми эътирозӣ ба роҳ монанд", - омадааст дар хабар.

Ба иттилои ин гуруҳ, масдудсозии рӯзи 9 май беназир будааст.

9 май дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва чанд сомонаи хабарии маҳаллӣ низ маҳдуд буд. Давоми рӯз дар чанд шаҳри Қазоқистон сокинонро боздошт карданд. Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки Мухтор Аблязов - мухолифи қазоқ - аз сокинон хост, бо нишони эътироз ба кӯча бароянд.

XS
SM
MD
LG