Ссылки доступа

Умаралӣ Саидов баъди 13 соли баҳс дар додгоҳ пирӯз шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 9-уми майи соли 2019. Гашти "Полки ҷовидон" дар Душанбе, иттиҳоми тоҷирони эътирозгар дар ноҳияи Шаҳритус, лағжиши кӯҳпора дар ноҳияи Ваҳдат, ҳамла ба созмони хайрия дар Кобул ва пирӯзӣ дар додгоҳ баъди сездаҳ соли баҳси Умаралӣ Саидов. (видео)

- Чаро Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиё қонуни мубориза бо терроризмро аз Русия рӯйбардор мекунанд?​ (видеои Настоящее время)

- Ончӣ мардум медонанд ва намедонанд. Сокинони шаҳри Душанбе хотираҳои худро аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ гуфтанд (видео)

- Собиқадори ҷанг: Берлинро дида гиристам. Ин пирамард дар суги шаҳре мегиряд, ки чанд сол аз онҷо ба маҳви мардумаш амр медоданд. Дар ӯ ба фоҷеа мубтало шудани мардум яъсовар аст (видео)

- "Полки абадӣ" дар ду гурӯҳи ҷудогона раҳпаймоӣ кард. Роҳпаймоии "Полки абадӣ" бори чаҳорум дар Душанбе баргузор шуд, аммо ин бор миёни иштирокдорони он мухолифат сар зад. Як гуруҳ ба фазои русӣ додан ба ин роҳпаймоӣ мухолифат карданд, вале аксарият бо парчамҳои Русия ва Шӯравӣ ба назди Боғи Ғалаба рафтанд (видео)

- Хабари марги як сарбози тоҷик баъди 76 сол расид. Норбӣ Абдураҳмонова, сокини 84-солаи ноҳияи Ваҳдат, баъд аз 80 сол дараки падари гумномашро ёфт. Падареро, ки то чаҳорсолагӣ ҳамроҳаш буд ва аз ӯ фақат навозишҳояш дар ёд мондааст (видео)

- Дар Алмато 9 май як модари танҳоро боздошт карданд (видеои Настоящее время)

- Коршинос Эрика Марат дар бораи ислоҳот дар ВКД Қазоқистон. Профессори Донишгоҳи дифои миллии Вашингтон ва коршинос дар умури ислоҳоти пулис дар кишварҳои пасошӯравӣ Эрика Марат гуфт, ки дар кадом шароит ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон дорад. (видео)​

- Осиё: Рӯзи ғалаба бар озодии баён. 9 май дар бештари шаҳрҳои Қазоқистон бо вуҷуди баргузор нашудани тазоҳуроти мухолифон, фаъолонро боздошт ва дастрасӣ ба интернету алоқаро маҳдуд карданд. Дар Душанбе якбора ду роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор шуд. (видеои Настоящее время)

- "Полки абадӣ", одамон чатрдорро ҳам боздошт карданд: 9 май дар Нурсултон(видеои Настоящее время)

- Дар шаҳри Душанбе "Полки абадӣ" баргузор шуд (нигористон)

- Сокинони Қарағанда талаб доранд, ки дарахтбурӣ қатъ шавад (видео)​

- "Бале, маро ҳабс мекунанд ё ҷарима мебанданд! Вале низом фурӯ мерезад": фаъоли қазоқистонӣ дар бораи он ки чаро дар эътирозҳо ширкат мекунад(видео аз Директ)

- Менеҷерҳои France Telecom-ро дар худкушии 19 коргар айбдор мекунанд(видео аз Директ)​

- Расонаҳои озод чи гуна метавонанд ба ниҳодҳои демократӣ кумак расонанд(видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG